Бозор Собир: Онҳо муллову ман шоирам

ASIA-Plus

Роҳбари шуъбаи фарҳанги Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Ризоӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудаанд, ки Бозор Собир даъвати ҲНИТ ба вохӯриро рад намудааст. «Ман ба исломиён чӣ кор дорам. Намеравам. Ман бо исломиҳо дар чӣ хусус гуфтугӯ мекунам? Онҳо муллову ман шоирам, миёни мо ҳеҷ умумияте нест», – оварда […]


Роҳбари шуъбаи фарҳанги Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Ризоӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шудаанд, ки Бозор Собир даъвати ҲНИТ ба вохӯриро рад намудааст.

«Ман ба исломиён чӣ кор дорам. Намеравам. Ман бо исломиҳо дар чӣ хусус гуфтугӯ мекунам? Онҳо муллову ман шоирам, миёни мо ҳеҷ умумияте нест», – оварда мешавад гуфтаҳои шоир дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи Ризоӣ, ҳизб ба котиби Бозор Собир муроҷиат намуда, ӯро ба муколамаи ошкоро бо аъзои ҲНИТ даъват кардааст. «Мо ба ӯ гуфтем, ки барои вақти барояш мусоид толори худро ба вохӯрӣ бо Бозор Собир пешниҳод месозем. Котиби ӯ ба мо ҳеҷ посухе надод, вале баъдан тавассути матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ щудем, ки ӯ бо «муллоҳо» мулоқот карданӣ нест», – иброз дошт намояндаи ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъ аз ҲНИТ хабар дода буд, ки дар суханрониҳои худ шоир чандин маротиба зикр кард, ки фаъолияти ҳизби исломӣ дар Тоҷикистонро қатъ намудан зарур аст «Мо

ӯро даъват дорем

, ки бевосита ба худи мо андешаҳояшро дар мавриди ҳизб баён дорад ва сабаби хуш надоштанаш аз ҲНИТ-ро шарҳ бидиҳад», – мегӯяд Ризоӣ.

Қобили зикр аст, ки дар мусоҳибаҳо ба ВАО Бозор Собир чандин маротиба ба ҳукуматдорон пешниҳод намуд, ки фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишвар манъ карда шавад. Соли равон зимни бозгашт шоир пешниҳод кард, ки аз мавҷудияти аҳзоби дигари сиёсӣ низ мебояд даст кашид.

Дарҳол пас аз

бозгашт ба ватан

рӯзи 27-уми май дар мусоҳиба ба шабакаҳои телевизиони давлатӣ Бозор Собир изҳор намуд, ки бо даъвати президент ӯ якумра ба ватан баргашта, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҳоло ҳам дар рушди ҷомеа саҳмгир буда метавонад.

Бозор Собир аз зиёини кишвар даъват ба амал овард, ки атрофи сарвари давлат муттаҳид шаванд ва изҳори тааҷҷуб намуд, ки аҳзоби зиёди сиёсӣ барои Тоҷикистони кӯчак чӣ зарурате дорад. «Дар Тоҷикистон аз ҳад зиёд авомфиребони нозарур пайдо шудаанд, ки бояд ҷояшонро ба нерӯҳои солимфикр диҳанд», – таъкид кард шоир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ