Суғд: Кордзании шаҳрванди Афғонистон ба ҳамсари худ

Мавлуда Рафиева

Як шаҳрванди Афғонистон дар кордзанӣ ба ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни як амалиёт кормандони милисаи шаҳри Чкаловск ба гумони даст доштан дар барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ шаҳрванди 24-солаи Афғонистон Муҳаммадфарҳод Хоҷимуҳаммади Ориёнро боздошт намудаанд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд […]


Як шаҳрванди Афғонистон дар кордзанӣ ба ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, зимни як амалиёт кормандони милисаи шаҳри Чкаловск ба гумони даст доштан дар барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ шаҳрванди 24-солаи Афғонистон Муҳаммадфарҳод Хоҷимуҳаммади Ориёнро боздошт намудаанд, ки муваққатан дар шаҳри Хуҷанд иқомат доштааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда ба он гумонбар дониста мешавад, ки ҳангоми муноқишаи рухдода ба ҳамсари худ бо корд ҳафт зарба зада, ӯро захмӣ кардааст. Зан бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел мутобиқимоддаи 110, қ. 2-и КҶ ҶТ (Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ