Нақби «Чормағзак» ба ифтитоҳ омодагӣ мегирад


Имрӯзҳо мутахассисони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои ифтитоҳи нақби «Чормағзак»-ро ба сомон мерасонанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, маросими мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Чормағзак» моҳи сентябри соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи истиқлолият ва эҳтимоли иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

«Тамоми корҳо ба иҷро расида, имрӯз барои пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нақб ҳеҷ мушкилоте мавҷуд нест», – иттилоъ додани мутахассисони вазорат, ки айни замон дар нақб қарор доранд.

Қобили зикр аст, ки сохтмони нақби «Чормағзак» бахори соли 2010 оғоз гардид. Нақб мувофиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистиону Чин дар доираи амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара бунёд гардид.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани нақб, масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо масофаи роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр наздиктар мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, дарозии нақб 4 ҳазору 450 метрро ташкил медиҳад. Барои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара ва сохтмон нақби «Чормағзак» дар ҳаҷми 630 млн. сомонӣ (143 млн. $) воситаҳои қарзии ҳукумати Чин масраф гардид. Паймонкори кулли сохтмони иншоот ширкати чинии China Road аст.

spot_imgspot_img

Популярное