Ба Низоми миллии пардохт 10 ташкилоти қарздиҳӣ шомил шуданд

Даҳ ташкилоти қарздиҳии Тоҷикистон иштирокчиёни Низоми миллии пардохти «Корти миллӣ» шуданд. Бино ба маълумоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», шумори кортҳои нашршуда аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ ба санаи 1-уми августи соли равон 629 ҳазор донаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3% зиёдтар аст. «Ҳиссаи кортҳои Низоми байнулмилалии пардохти Visa International дар ҳаҷми […]

ASIA-Plus


Даҳ ташкилоти қарздиҳии Тоҷикистон иштирокчиёни Низоми миллии пардохти «Корти миллӣ» шуданд.

Бино ба маълумоти Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», шумори кортҳои нашршуда аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ ба санаи 1-уми августи соли равон 629 ҳазор донаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32,3% зиёдтар аст.

«Ҳиссаи кортҳои Низоми байнулмилалии пардохти Visa International дар ҳаҷми умумии кортҳои нашршудаи ташкилотҳои қарздиҳии ҷумҳурӣ 39%, ҳиссаи кортҳои низоми пардохти MasterCard – 1%, ҳиссаи кортҳои Низоми миллии пардохт – 7% ва кортҳои маҳаллӣ – 53%-ро ташкил медиҳад», – гуфтанд дар бонк.

Зимнан таъкид гардид, ки шумори кортҳои маҳаллии пардохт дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 26% афзудааст. «Қисмати асосии кортҳои нашршуда дар муомилотро кортҳои «Амонатбонк» ташкил дода, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумӣ ба 42% баробар аст», – иброз доштанд дар «Амонатбонк».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.