Фаъолияти Академияи ҲНИТ қатъ карда шуд

Фаъолияти Академияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гардид. Сабабаш огаҳии хаттии Вазорати адлияи Тоҷикистон унвон мешавад, ки дар он ба ҳуқуқ надоштани таъсиси Академия дар назди ҳизб ишора меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Академияи ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, Шӯрои олии сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки фаъолияти Академия қатъ ва дар дафтари кории ҳизб […]

ASIA-Plus


Фаъолияти Академияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ гардид. Сабабаш огаҳии хаттии Вазорати адлияи Тоҷикистон унвон мешавад, ки дар он ба ҳуқуқ надоштани таъсиси Академия дар назди ҳизб ишора меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Академияи ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ хабар дод, Шӯрои олии сиёсии ҳизб тасмим гирифт, ки фаъолияти Академия қатъ ва дар дафтари кории ҳизб шуъбаи нав бо вогузории вазифаҳои Академия ба дӯши он боз карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як нома раҳбарияти ҲНИТ-ро огаҳӣ дод, ки ба роҳандозии фаъолияти муассисаи таълимие чун Академия дар назди ҳизб ҳуқуқ надорад.

Аъзои ҲНИТ ин амалро ба аз ҷониби намояндагони Академия гоҳ-гоҳ содир шудани фатво марбут медонанд. Кумитаи умури дин чандин маротиба таъкид дошт, ки ба содир намудани фатво танҳо мақомоти ваколатдор – Шӯрои уламо ҳуқуқ дорад. Мувофиқи Оиннома, ҲНИТ ба роҳандозии маркази илмӣ дар назди ҳизб ва баргузории таҳқиқот ҳуқуқ дорад.

Академияи ҲНИТ ду сол пеш таъсис дода шуда, дар доираи салоҳияти худ семинарҳои омӯзишӣ доир менамояд. Дар сомонаи расмии ҲНИТ як гӯшаи махсусе мавҷуд аст, ки ба саволҳои марбут ба масоили динии корбарони сомона посух мегӯяд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.