Бардоштани муҳри махфӣ аз парвандаи Саидовро суд рад кард

Имрӯз дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мурофиаи судии аввал оид ба баррасии парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов баргузор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, пас аз муаррифии тамоми иштирокчиён мурофиаи аввал ба охир расида, ҷониби ҳимояи судшаванда рад шудани судя ва бардоштани муҳри махфӣ аз парвандаро […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ мурофиаи судии аввал оид ба баррасии парвандаи соҳибкори маъруф Зайд Саидов баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, пас аз муаррифии тамоми иштирокчиён мурофиаи аввал ба охир расида, ҷониби ҳимояи судшаванда рад шудани судя ва бардоштани муҳри махфӣ аз парвандаро дархост намуд,  вале дар ҳарду ҳолат ҳам посухи рад гирифта шудааст.

Ба қавли адвокат, наздикони судшавандаро ба толори мурофиа роҳ надодаанд. «То рӯзи ҷумъа, 13-уми сентябр суд танаффус эълон намуд», – иброз дошт ӯ.

Қудратов зикр намуд, ки ба парванда муҳри махфӣ гузошта шудааст, зеро дар он баёноти чанде аз мансабдорони давлатӣ мавҷуд мебошанд.

Мурофиа пагоҳ бо бозпурсии судшавандагон – соҳибкор Зайд Саидов ва собиқ директори корхонаи «Тоҷиктекстил» Далер Бобоев оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки Зайд Саидов дар содир намудани як қатор ҷиноёти иқтисодӣ ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси ноболиғ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.