Дар макотиби таҳсилоти умумӣ чорякҳо бекор шуданд

Вазорати маорифи Тоҷикистон як навгонии навбатӣ ҷорӣ намуда, акнун дар макотиби таҳсилоти умумӣ чорякҳои тирамоҳиву баҳорӣ бекор ва ҳамин тариқ, мактабҳо ба низоми нимсолаи таълим гузаштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, гузариш ба реҷаи нави соли хониш дар низоми маълумоти миёна дар доираи барномаи ислоҳоти ин бахш то соли 2020 […]

ASIA-Plus


Вазорати маорифи Тоҷикистон як навгонии навбатӣ ҷорӣ намуда, акнун дар макотиби таҳсилоти умумӣ чорякҳои тирамоҳиву баҳорӣ бекор ва ҳамин тариқ, мактабҳо ба низоми нимсолаи таълим гузаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, гузариш ба реҷаи нави соли хониш дар низоми маълумоти миёна дар доираи барномаи ислоҳоти ин бахш то соли 2020 сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, нимсолаи аввали хониш аз 1-уми сентябр то ахири моҳи декабр давом мекунад. Сипас баъди таътили тӯлонии зимистона аз 1-уми феврал нимсолаи дуюми соли хониш оғоз ва то маросими занги камолот, 7-уми июн идома меёбад. Соли хониш дар маҷмӯъ 34 ҳафтаро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бидуни таътилҳои фосилавӣ хонандагон аллакай муддати се сол аст, ки таҳсил доранд. Сабаби ин иқдомро Вазорати маориф беҳбуди шароит барои баргузоии чорабиниҳои гуногун, аз қабили курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, олимпиадаҳои сатҳҳои гуногун унвон мекунад, то ки дар вақтҳои дигар толибилмону омӯзгорон аз ҷараёни таҳсил дар канор намонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.