Имзои Созишномаи кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин тариқи Тоҷикистон

Нимаи дуюми имрӯз рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек сарвари давлати Тоҷикистонро сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Худи ҳамин рӯз мулоқотҳои […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз рӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек сарвари давлати Тоҷикистонро сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Худи ҳамин рӯз мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.

Дар ҳошияи мулоқот бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин имзои созишномаи дуҷониба доир ба кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон дар назар аст.

Пагоҳ, 13-уми сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуда, чанд мулоқоти дуҷонибаи дигар анҷом хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.