Пешбарии номзади Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) ба маъракаи интихоботи президентӣ номзади худро пешбарӣ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ИҶТ-и назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Кабирҷон Ҷӯраев хабар дод, дар анҷумани навбатии рӯзи 21-уми сентябри Иттифоқи ҷавонон ба ҷуз натиҷагирӣ аз фаъолият тӯли се сол, ворид намудани тағйирот ба барномаи иттифоқ ва […]

Маина Швартс


Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) ба маъракаи интихоботи президентӣ номзади худро пешбарӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ИҶТ-и назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Кабирҷон Ҷӯраев хабар дод, дар анҷумани навбатии рӯзи 21-уми сентябри Иттифоқи ҷавонон ба ҷуз натиҷагирӣ аз фаъолият тӯли се сол, ворид намудани тағйирот ба барномаи иттифоқ ва таҳияи нақшаи корӣ барои се соли минбаъда, масъалаи пешбарии номзад ба интихоботи президентӣ аз ҷониби Иттифоқ низ баррасӣ мешавад.

Дар қатори аҳзоби сабтиномшудаи кишвар, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ ба пешбарии номзад дар интихоботи президентӣ ваколат дорад.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти мустақили ҷамъиятиву сиёсӣ буда, 12-уми октябри соли 1991 таъсис дода шуд. Мақоми олии ИҶТ анҷумани он мебошад. Шиори ИҶТ – «Барои ваҳдат ва пешравӣ дар Тоҷикистон» аст.

Ёдрас мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон санаи 6-уми ноябр баргузор мешавад. Айни замон аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова ба сифати номазди ягона ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд. Муддати ҳамин моҳ анҷуманҳои пешазинтихоботии аҳзоби дигар доир гардида, номзадҳояшон эълон карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.