Роҳбари Агентии энергетикаи Олмон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Олмон барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Олмон барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳори итминон кард.

Штефан Колер аз омодагӣ ва ҷараёни ҳамоиши бузурги иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки имрӯзу фардо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, ҳавасмандии устувори давлати хешро ба густариши бештари ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо кишвари мо таъйид намуд.

Ба гуфти Штефан Колер Олмон ва хусусан ширкатҳои бузурги энергетикии он ба иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд. Таъкид гардид, ки Олмон метавонад ба Тоҷикистон дар таъмини таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти нерӯи барқ дар Ширкати алюминийи тоҷик мусоидат намояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Олмон аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи нерӯи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба навсозии нерӯгоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи Норак ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.