Сокини 90-солаи Кӯлоб: Ман аз Ойниҳол Бобоназарова огаҳие надорам

Сокини шаҳри Кӯлоб Мирзо Бегматови 90-сола, ки шахсан бо тамоми раҳбарони Тоҷикистони муосир аз Ҷаббор Расулов то Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ дошт, бо навмедии зиёд аз имконоти номзади ягона аз аз мухолифин дар интихоботи президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ибрози андеша намуд. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Бегматов, феълан раиси Шӯрои минтақавии собиқадорони ҷангу меҳнати Кӯлоб изҳор […]

Турко Дикаев


Сокини шаҳри Кӯлоб Мирзо Бегматови 90-сола, ки шахсан бо тамоми раҳбарони Тоҷикистони муосир аз Ҷаббор Расулов то Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ дошт, бо навмедии зиёд аз имконоти номзади ягона аз аз мухолифин дар интихоботи президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ибрози андеша намуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Бегматов, феълан раиси Шӯрои минтақавии собиқадорони ҷангу меҳнати Кӯлоб изҳор намуд, ки дар пешбарии зан дар кишвари ҷомеаи «падарсолорӣ»-и мо як интригае мавҷуд аст, вале бо ҳамин ин интрига ба охир мерасад.

«Шахсан ман муқобили занон чизе гуфтанӣ нестам, вале ҳарчанд васоити ахбори умум дар бораи Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун ҳуқуқшинос ва ҳоми ҳуқуқи маъруф ҳарф зананд ҳам, вале бо вуҷуди таваҷчуҳи зиёдам ба пайгирии вазъ дар ҷумҳурӣ, ман аз ӯ огаҳие надорам», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки мухолифин аз ноилоҷӣ чунин тасмим гирифтаанд.

Мирзо Бегматов полковники мустаъфӣ, ходими маъруфи ҳизбиву сиёсӣ буда,  мақомоти шаҳрдории Кӯлобро солҳои бунёди он роҳбарӣ ва дар мансабҳои масъули мақомоти ҳизбиву шӯравӣ ифои вазифа кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.