Давраи омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ

Рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2013 дар Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) давраи омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи ҳабси якумра ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Чорабинии мазкурро намояндагии Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2013 дар Маркази такмили ихтисоси назди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ ВА ҶТ) давраи омӯзишӣ барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ дар мавзӯи «Истифодаи ҳабси якумра ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон» гузаронида мешавад.

Чорабинии мазкурро намояндагии Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати рушди байнулмилалии Бритониёи Кабир доир мекунад.

Мақсади асосии тренинг такмили дониши кормандони муассисаҳои ислоҳӣ оид ба меъёрҳои байнулмилалӣ дар мавриди шахсоне мебошад, ки ба ҳукми қатл ё ҳабси якумра/тӯлонӣ маҳкум шудаанд. Дар ин чорабинӣ кормандони СРИҶҶ ВА ҶТ, ҳамчунин мутахассисон аз Бритониёи Кабир ва Украина ширкат меварзанд.

«Мутаассифона, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ ва макотиби олии махсусгардонидашудаи кишварҳои мо усули кор бо шахсонеро, ки ба муҳлати тӯлонӣ ва ё ҳабси якумра маҳкум шудаанд, намеомӯзонанд. Дар ҳоле ки кор бо ин гурӯҳи маҳкумшудагон донишҳои муайян, хусусан, донистани меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсонро тақозо мекунад. Дар шароити маҳбаси дурдаст ва нигаҳдории ҷудогонаи маҳбусон, бо назардошти хусусиятҳои ҷиноёти содиркардаи онҳо, омӯзиши доимии кормандон ягона роҳест, ки таъмини ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва фаъолияти дурусти маҳбасро кафолат дода метавонад», – иброз дошт сарвари минтақавии 

PRI

 Сауле Мектепбаева.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар дар ҳабси якумра адои ҷазо мекунанд. Шахсе, ки бо қарори суд ба ҳабси якумра маҳкум гардидааст, мутаассифона, шартан пеш аз муҳлат озод шуда наметавонад. Ҷазои ҳабси якумра бе умеди озодшавӣ дар асл як шакли ҳукми қатл мебошад. Афзоиши теъдоди шахсоне, ки ба муддати тӯлонӣ ё ҳабси якумра маҳкум шудаанд, ба низоми маҳбасҳо таъсир мерасонад. Шартан пеш аз муҳлат озод кардани маҳкумшудагон ҳамчун ангеза ва унсури муҳим барои онҳо истифода намешавад, ки сатҳи бехатарии маҳбасро коҳиш дода, фаъолияти роҳбарон ва кормандони онро душвортар мекунад. Ин яке аз сабабҳои асосии беш аз меъёр афзудани теъдоди маҳбусон дар ҳабсхонаҳо мебошад, ки мушкили ҷиддии системаҳои муассисоти ислоҳӣ дар тамоми ҷаҳон ба шумор меравад.

Мақсади лоиҳаи дусолаи «Манъи тадриҷии ҳукми қатл ва ворид кардани санксияҳои алтернативии башардӯстона пас аз моратория ба ҳукми қатл ва ё пурра аз байн бурдани он» ҳифзи ҳуқуқи инсон тавассути манъи тариҷии ҳукми қатл ва ворид кардани санксияҳои алтернативии башардӯстона дар чаҳор минтақаи ҷаҳон мебошад. Иттиҳоди Аврупо барои амалӣ гардонидани ин лоиҳа дар Осиёи Марказӣ 161 370 евро ҷудо кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.