А. Қаюмзод: Сафҳаи навкушодаи Facebook мутааллиқ ба Ойниҳол Бобоназарова нест

Боз шудани сафҳаи расмии номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова дар Facebook-ро сухангӯйи ӯ Абдуқаюми Қаюмзод имрӯз ба Хабаргузории «Азия-Плюс» такзиб кард. Дар баёнияи ирсолкардаи Қаюмзод чунин омадааст:  «Дӯстони арҷманд! Сафҳае, ки иддао мекунад, мутааллиқ ба Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон мебошад, дуруст нест. Муаллима то ҳанӯз […]

Азия-Плюс


Боз шудани сафҳаи расмии номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ Ойниҳол Бобоназарова дар Facebook-ро сухангӯйи ӯ Абдуқаюми Қаюмзод имрӯз ба Хабаргузории «Азия-Плюс» такзиб кард.

Дар баёнияи ирсолкардаи Қаюмзод чунин омадааст: 

«Дӯстони арҷманд! Сафҳае, ки иддао мекунад, мутааллиқ ба Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон мебошад, дуруст нест. Муаллима то ҳанӯз сафҳае дар шабакаи иҷтимоӣ боз накардаанд. Ба матолиб, мавод, маълумот ва ҳар он чизе дигар, ки дар ин сафҳа дарҷ мешавад, хоҳиш мекунам, бовар накунед».

Дар посух ба суоли «Оё сафҳаи расмии номзади ягонаи ИНИТ дар Facebook ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ боз хоҳад шуд?» Абдуқаюми Қаюмзод гуфт:

– Баъд аз Анҷуманҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки хонум Бобоназарова расман номзад ба мақоми Президенти ҶТ бишавад, сафаҳоти расмии ӯро дар шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ боз мекунем.

Сухангӯйи ИНИТ дар шарҳи масъалаи пешбарии номзади ягона афзуд: «Бар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназарова аз ҷониби ҳизби сиёсии расман сабтиномшуда пешбарӣ мешавад, зеро Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон як созмони расмӣ нест, балки ташаккули фарогири чанд созмони иҷтимоӣ, ду ҳизб ва чеҳраҳои матраҳи 

ҷ

омеа аст. Аммо номзад ба мақоми президентиро аҳзоби сабтиномшудаи сиёсӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили 

Тоҷикистон


, маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ ва шаҳри Душанбею вилоятҳо ҳаққи пешбарӣ доранд. Хонум Бобоназарова баъд аз таъйиди вакилони Анҷумани ҲНИТ ва ё ҲСДТ расман номзад хоҳад шуд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.