Ба ҳузури писар ва бародари Саидов дар мурофиа иҷозат дода шуд

Дар мурофиаи имрӯзаи судӣ оид ба баррасии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов ба ҳузури писараш Хайрулло Саидов ва бародараш Файзиддин Шеров иҷозат дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, имрӯз мурофиа бо бозпурсии худи Зайд Саидов оғоз гардида, наздиконаш ҳамчун иштирокчиёни мурофиа ҳузур доранд. Мурофиа пушти дарҳои пӯшида рӯзи 12-уми сентябр […]

ASIA-Plus


Дар мурофиаи имрӯзаи судӣ оид ба баррасии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов ба ҳузури писараш Хайрулло Саидов ва бародараш Файзиддин Шеров иҷозат дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод, имрӯз мурофиа бо бозпурсии худи Зайд Саидов оғоз гардида, наздиконаш ҳамчун иштирокчиёни мурофиа ҳузур доранд.

Мурофиа пушти дарҳои пӯшида рӯзи 12-уми сентябр оғоз шуд. Ба парванда муҳри махфӣ гузошта шудааст, зеро дар он баёноти чанде аз мансабдорони давлатӣ мавҷуд мебошанд. Ҷониби ҳимояи судшаванда рад шудани судя ва бардоштани муҳри махфӣ аз парвандаро дархост намуд,  вале дар ҳарду ҳолат ҳам посухи рад гирифта шудааст.

Қудратов зикр кард, ки Зайд Саидов ҳамаи ҳашт айбномаи пешниҳодшударо рад карда, изҳор кардааст, ки худро гунаҳкор намешуморад.

Ғайр аз ин, ба қавли адвокат, дар мурофиа ҷониби ҳимоя ва худи айбдоршаванда бо натиҷаҳои ташхиси ДНК шинос шудаанд, ки дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав анҷом дода шудааст. Тибқи он, эҳтимоли падарии Зайд Саидов истисно намешавад, аммо адвокатҳо ба ҳақиқӣ будани натиҷаҳо ва баргузории он шубҳа доранд, зеро то оғози мурофиа онҳо дар бораи ин ташхис огаҳӣ надоштанд. Худи Зайд Саидов низ изҳор намудааст, ки аз ӯ маводе барои ташхис ва имзояш барои баргузории он гирифта нашуда, ӯ низ чун адвокатҳояш дар бораи тасмими баргузории ташхис шинос карда нашудааст.

Дар мурофиаи судии рӯзи 13-уми сентябр баёноти Далер Бобоев, собиқ ёвари корхонаи истеҳсоли тилои «Зарафшон» шунида шудааст, ки дар парванда ба сифати судшаванда тибқи моддаҳои 347, қ. 1-и КҶ ҶТ (Хабар надодан дар бораи ҷиноят) иштирок мекунад.

Сипас Зайд Саидов шунида шуда, ӯ тамоми айбномаҳо, аз ҷумла тибқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора)-ро рад намудааст. Аз ҷониби ҳимоя ҳуҷҷатҳое пешниҳод гардидаанд, ки айбнома тибқи ин моддаро инкор мекунанд.

Рӯзи шанбе, 14-уми ссентябр Шуҳрат Қудратов бо Зайд Саидов вохӯрдааст. «Ӯ худро хуб ҳис намуда, умедвор аст, ки суд парвандаро мунсифона баррасӣ намуда, адолат барқарор мешавад», – иброз дошт адвокат.

Ёдрас мекунем, ки Зайд Саидов дар содир намудани як қатор ҷиноёти иқтисодӣ ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси ноболиғ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.