Тренинги САҲА барои марзбонони Тоҷикистону Афғонистон

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) барои кормандони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон дар мавзӯи ошкор сохтан ва пешгирии убури ғайриқонунии марз тренинг баргузор намуд. Тавре аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, 13 нафар афсарони хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва 12 нафар марзбонони афғон рӯзи 13-уми сентябр давраи омӯзишии навбатӣ оид ба посбонӣ ва роҳбарӣ дар […]

ASIA-Plus


Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) барои кормандони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон дар мавзӯи ошкор сохтан ва пешгирии убури ғайриқонунии марз тренинг баргузор намуд.

Тавре аз Дафтари САҲА дар ҶТ хабар доданд, 13 нафар афсарони хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва 12 нафар марзбонони афғон рӯзи 13-уми сентябр давраи омӯзишии навбатӣ оид ба посбонӣ ва роҳбарӣ дар хадамоти марзбониро хатм карданд.

Зимни баргузории ин давраи омӯзишии панҷҳафтаина афсарон бо банақшагирӣ ва баргузории корҳо оид ба назорати марз тавассути истифода аз харитаҳои топографӣ, тасвирҳои моҳвораӣ, методҳои банақшагирӣ ва идоракунии посбонӣ ва дигар таҷҳизоти тактикӣ аз наздик ошно гардида, малакаҳои худ дар бахши таҳлилу ҳисобот, посбонӣ дар манотиқи кӯҳистон, қобилиятҳои кӯҳнавардӣ ва расонидани кӯмаки аввалия дар шароити саҳроро такмил доданд.

«Ин давраи омӯзишӣ як қисмате аз кӯшишҳои мост, ки баҳри мусоидат ба беҳбуди амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон равона шудааст», – гуфт Ханс Питер Ларсен, муовини роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. – САҲА минбаъд низ дар беҳбуди имконоти марзбонони тоҷику афғон бо мақсади мусоидат ба онҳо дар муборизаи муштарак алайҳи фаъолияти ғайриқонунии фаромарзӣ кӯмак хоҳад кард».

Давраи омӯзишии мазкур дар доираи Лоиҳа оид ба посбонӣ ва роҳбарӣ ба назорати марзӣ доир гардид, ки ба таҳкими имконоти кормандони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ошкор сохтан ва пешгирии равуои ғайриқонунӣ тавассути марз ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нигаронида шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.