Баррасии изҳороти О.Бобоназарова бо раиси КМИР

spot_imgspot_img

Дата:


Субҳи имрӯз Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ бо Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон аз ҲНИТ як сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Чӣ тавре ки ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯйи 

номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ аз ҲНИТ


 иттилоъ дод, 


сӯҳбати мазкур дар атрофи изҳороти ахиран пахшкардаи 


Ойниҳол Бобоназарова 


сурат пазируфтааст.

Дар изҳороте, ки аз ҷониби хонум Бобоназарова рӯзи 23 сентябр нашр гардид, аз фаъолияти номуассири КМИР ба унвони ниҳоди масъули баргузоркунандаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ, поймол гардидани ҳуқуқҳои беш аз якуним миллион муҳоҷирони корӣ, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд ва монеаву мушкилоти ба таври сунъӣ эҷодкардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар навоҳӣ ва шаҳрҳо барои ҷамъоварии имзоҳо ба дастгирӣ аз номзад шадидан интиқод карда мешуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР дар ин сӯҳбати телефонӣ ваъда додааст, ки ҳамаи мушкилоти мавҷуда роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Раиси КМИР аз хонум Бобоназарова хостааст, ки аъзои Гурӯҳи ташаббускори номзад ба мансаби президентӣ барои ҷамъоварии имзоҳо ба таври мустақим бо кормандони КМИР дар робита ба мавридҳои хос дар маҳалҳо муроҷиат кунанд ва КМИР мушкилу монеи пешомадаро саривақт ҳал хоҳад кард.

Ҷаноби Шоҳиён таъкид кардааст, ки тамоми камбуд ва мушкилоти пешомадаро ҳозиранд бартараф созанд. Ӯ аз нашри изҳорот дар робита ба фаъолияти номуассири КМИР, ки аз тарафи номзад Бобоназарова пахш гардид, норозигӣ баён карда ва афзудааст, ки на ҳама аз аъзои Гурӯҳҳои ташаббускори номзад асноди лозимро дар ихтиёр доштаанд.

Ба навбати худ Ойниҳол Бобоназарова аз Шермуҳаммади Шоҳиён барои вокуниши фаврӣ ва мустақим ба изҳороташ арзи ташаккур кардааст. Вале ҳамзамон хонум Бобоназарова бори дигар бар дурустии нукоти изҳороти нашркардааш ишора ва ин нуктаи ташвишоварро, ки монеа ва мушкилиҳо дар ҷиҳати ҷамъоварии имзоҳо характери сартосарӣ касб кардаанд, зикр намудааст.

Номзад ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲНИТ монеагузориҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар навоҳии кишварро як амали ҳисобшуда хонда ва аз раиси КМИР қотеъона тақозо кардааст, ки назорат ба раванди ин маъракаи сарнавиштсозро ба таври холисона ва бар пояи қонунхои кишвар ва меъёрҳои байнулмилалӣ бар роҳ монад.

Хонум Бобоназарова бо ибрози нигаронии шадид таваҷҷӯҳи раиси КМИР ба ин нукта, ки наздик ба 10 рӯз аст Гурӯҳи ташаббускори ӯ наметавонад иҷозаи масъулини аксарияти навоҳии кишварро барои ҷамъоварии имзоҳои ҷонибдоронаш ба даст оварад, чалб карда ва мусоидати ин ниҳодро дар амри ҳарчи зудтар бартараф кардани ин монеаи сунъӣ тақозо кардааст.


Акс аз сафҳаи расмии

Ойниҳол Бобоназарова дар Facebook

 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...