Маблағи хароҷоти номзадҳо ба мансаби президентӣ муайян шуд

ASIA-Plus

Барои баргузории маъракаи интихоботи пнрезидентӣ дар Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ беш аз 10 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад. Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) хабар доданд, ба ҳар як номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон барои чорабиниҳои пешазинтихоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. […]


Барои баргузории маъракаи интихоботи пнрезидентӣ дар Тоҷикистон аз буҷети давлатӣ беш аз 10 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) хабар доданд, ба ҳар як номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон барои чорабиниҳои пешазинтихоботӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, субъектоне, ки ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзадро ба мансаби президентӣ доранд, ҳақ доранд аз ҳисоби маблағҳои худ ба номзад ба мансаби президентӣ ба миқдори умумӣ дар ҳаҷми то 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.

Гуфта мешавад, инчунин чопи плакатҳо бо барномаи пешазинтихоботӣ, тарҷумаи ҳол ва расми номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон барои ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.

«Ҳар гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими ташкилотҳои хориҷӣ ва шахсони воқеӣ дар кори бо пултаъминкунӣ ва дигар хел дастгириии моддии маъракаи интихоботии номзадҳо ба мансаби президенти ҷумҳурӣ манъ аст», – зикр мегардад дар иттилои КМИР.

Ҳамин тариқ, то имрӯз шаш ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд. Аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Иттифоқи ҷавонон ва Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) номзади худ ба мансаби президентиро дар анҷумани пешазинтихоботиаш рӯзи 4-уми октябр дар Душанбе пешбарӣ менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ