Моҳи октябр қисмате аз аҳолии пойтахт як шабонарӯз беоб мемонанд

spot_imgspot_img

Дата:


Бо мақсади  гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» моҳи октябр ба ноҳияҳои гуногуни пойтахт муддати як шабонарӯз интиқоли об қатъ мегардад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, қатъи шабонарӯзии интиқоли об тариқи зайл сурат мегирад: аз соати 22-00 рӯзи 01 октябр то соати 24-00 рӯзи 02 октябри соли 2013 дар маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупский-1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Чайковскиии ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Мирзобек, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов Мирзо, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улуғбек, У.Зокони, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурӯдгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва ДОК-и ноҳияи Шоҳмансур;

Аз соати 22:00 рӯзи 08 октябр то соати 24-00 рӯзи  09 октябри соли 2013 дар маҳаллаҳои Хуҷанбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём  ва Сари Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ,  Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз           хонаи №1то №77-и ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои  Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шаҳракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2-и ноҳияи Сино ва кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии ш. Душанбе;

Аз соати 22:00 рӯзи 15 октябр то соати 24-00 рӯзи 16 октябри соли 2013 дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи Марказии ноҳияи Сино ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Фазлиддин Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон.

Аз соати 22:00 рӯзи 22 октябр то соати 24:00 рӯзи 23 октябри соли 2013 дар шаҳракҳои  43, 65, 64, ва  кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ ва шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф  Вафо,  Котовский,  Сулаймонӣ,  Тургенев,  Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Ҳаёти нав.

Дар ин робита мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

«Раиси пойтахт ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе» супориш дод, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...