Фавти ду ҳоҷии тоҷик дар макони муқаддаси Ислом

Зимни зиёрати макони муқаддаси Ислом ду нафар зойирини тоҷик фавтиданд. Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, сокини ноҳияи Синои пойтахт Ҳоҷӣ Талбак Одинаеви 73-сола рӯзи 6-уми октябр бар асари садамаи нақлиёт ба ҳалокат расида, истиқоматкунадаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ Абдувалӣ Қулматови 71-сола аз сактаи дил фавтидааст. «Мутобиқи шариати ҳаҷ, онҳо дар макони […]

ASIA-Plus


Зимни зиёрати макони муқаддаси Ислом ду нафар зойирини тоҷик фавтиданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ, сокини ноҳияи Синои пойтахт Ҳоҷӣ Талбак Одинаеви 73-сола рӯзи 6-уми октябр бар асари садамаи нақлиёт ба ҳалокат расида, истиқоматкунадаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ Абдувалӣ Қулматови 71-сола аз сактаи дил фавтидааст. «Мутобиқи шариати ҳаҷ, онҳо дар макони муқаддаси Ислом ҷаноза шуда, ҷасадашон дар оромгоҳи Шароеъи Макка ба хок супурда шуд», -иттилоъ медиҳад Кумитаи умури дин.

Ситоди ҳаҷи тоҷикистониёнро муовини раиси Кумитаи умури дин Мавлон Мухторов роҳбарӣ намуда, сардори шуъбаи ҳаҷ ва муносибатҳои байнулмилалии Кумита Абдуғаффор Юсуфов роҳбари гурӯҳи зойирини тоҷик дар Маккаву Мадина ва раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода масъули фатво дар тамоми давраи ҳаҷ таъин карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аввалин парвози зоирини тоҷик субҳи рузи 21-уми сентябр аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ сурат гирифт. Гурӯҳи охирини зойирини тоҷик рӯзи 5-уми октябр ба Ҷидда омаданд. Имсол дар маҷмӯъ 6,3 ҳазор тоҷикистониён ба адои марсими ҳаҷ фиристода шуданд.

Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол 6,3 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд. Қабл аз ин шумори онҳо 7,3 ҳазор нафар муқаррар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома доранд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.