КМИР боз ду номзадро имрӯз расман ба қайд гирифтанист

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз соати 16:30 боз номзадии профессор Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва академик Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрии Тоҷикистонро расман ба қайд гирифтанист. Пас аз маросими расман бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва 15 шахси бовариноки ӯ, […]

ASIA-Plus


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз соати 16:30 боз номзадии профессор Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва академик Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрии Тоҷикистонро расман ба қайд гирифтанист.

Пас аз маросими расман бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва 15 шахси бовариноки ӯ, ба журналистон дар ин бора аз КМИР хабар доданд.

«Санҷиши интихобии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо аз ҲИИТ ва ҲАТ муддати тамоми шаб идома ёфта, наздик соатҳои 15-и рӯз ба итмом мерасад», – гуфт як манбаъ аз КМИР.

Қобили зикр аст, ки шаҳодатномаи номзад ба мансаби президентии Эмомалӣ Раҳмонро раиси КМИР ба сардори ситоди пешазинтихоботии ӯ, муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров супурд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.