Корманди намояндагии ХМ ба паҳнкунии газетаи «Тоҷикони Русия» монеъ шуд

Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия худсарона нусхаҳои газетаи «Тоҷикони Русия» аз лавҳаи Хонаи меҳмонони Тоҷикистон дар Маскавро бо худ бурдааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари «Тоҷинфо» Ғуфрон Ваҳҳобов хабар дод, нусхаҳои гирифтаи газета дар ҳуҷраи кории сарнозири намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Азиз Халилов дарёфт гардида, щарҳи сабаби ин амали худро […]

Пайрав Чоршанбиев


Корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия худсарона нусхаҳои газетаи «Тоҷикони Русия» аз лавҳаи Хонаи меҳмонони Тоҷикистон дар Маскавро бо худ бурдааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари «Тоҷинфо» Ғуфрон Ваҳҳобов хабар дод, нусхаҳои гирифтаи газета дар ҳуҷраи кории сарнозири намояндагии ХМ ҶТ дар Русия Азиз Халилов дарёфт гардида, щарҳи сабаби ин амали худро ӯ расман рад кардааст. «Бо ишора ба қонунҳои амалкунанда аз Халилов дархост кардем, ки газетаҳоро ба ҷояшон баргардонад, вале ӯ ба иҷрои ин амал розӣ нашуд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, дар шумораи ахири газета таҳти унвони «Дар Хадамоти муҳоҷират беш аз миллион нафарро гум кардаанд?» мақолае ба чоп расида буд, ки дар бораи тафовут миёни маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия оид ба шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия сухан мерафт. «Шояд маҳз ҳамин мавод ба гиритфтани газета боис шуда бошад», – афзуд Ваҳҳобов.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин робита ба унвони сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев номаи расмӣ пешниҳод шуд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.