Раҳмон нахустин номзад ба мақоми президентӣ мешавад

Ситоди пешазинтихоботии номзади пешбаришудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), раиси он Абдуҳалим Ғаффоров шоми рӯзи сешанбе ба КМИР варақаҳо бо 218 ҳазор имзо ба ҷонибдории номзадашонро пешниҳод намуд. Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, номзадҳо аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков ва Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов низ мутаносибан 217 ва 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуда, имрӯз варақаҳоро […]

Аваз Юлдошев


Ситоди пешазинтихоботии номзади пешбаришудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), раиси он Абдуҳалим Ғаффоров шоми рӯзи сешанбе ба КМИР варақаҳо бо 218 ҳазор имзо ба ҷонибдории номзадашонро пешниҳод намуд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, номзадҳо аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков ва Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов низ мутаносибан 217 ва 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуда, имрӯз варақаҳоро ба КМИР пешниҳод мекунанд.

Ба гуфтаи раиси Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, имрӯзҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дошта, варақаҳои имзои ба ҷонибдории номзадҳои пешбаришуда ба мақоми президентиро мавриди санҷиш қарор додааст.

Нимаи имрӯз номзади нахуст ба мансаби президентӣ – сарвари давлати амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман ба қайд гирифта мешавад, ки ба ҷонибориаш 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд.

Ҳамчунин яке аз нахустинҳо шуда номзадҳои пешбаришуда аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ профессор Олимҷон Бобоев низ миқдори зарурии имзоҳоро ҷаъоварӣ намуда, ба КМИР пешниҳод карданд.

Феълан ягона номзаде, ки ба ҷонибориаш миқдори зарурии имзоҳо ҷамъоварӣ нашудааст, номзади пешбаришуда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Назарова боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки номзадии ӯро ду ҳизб ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шомил ба ИНИТ дастгирӣ намуданд. То субҳи рӯзи сешанбе ба ҷонибдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова беш аз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон