«Тиллои тоҷик» ба маблағи 400 ҳазор $ таҷҳизот харидорӣ намуд

Корхонаи махсуси давлатии «Тиллои тоҷик» дар бораи харидани таҷҳизоти поксозӣ бо ҶСК «Магаданский механический завод» қарордод ба имзо расонид. Маблағи умумии қарордод 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси бахши маркетинги ҶСК «Магаданский механический завод» Эллина Вахрамеева хабар дод, амалисозии қарордод босуръат ҷараён дошта, таҷҳизот интиқол ва марзи Тоҷикистонро убур намудаааст. […]

Заррина Эргашева


Корхонаи махсуси давлатии «Тиллои тоҷик» дар бораи харидани таҷҳизоти поксозӣ бо ҶСК «Магаданский механический завод» қарордод ба имзо расонид. Маблағи умумии қарордод 400 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси бахши маркетинги ҶСК «Магаданский механический завод» Эллина Вахрамеева хабар дод, амалисозии қарордод босуръат ҷараён дошта, таҷҳизот интиқол ва марзи Тоҷикистонро убур намудаааст. Ин таҷҳизот барои истифода дар истихроҷ ва коркарди тилло дар кони тиллои пошидаи «Яхсу» пешбинӣ шудааст.

Аз корхонаи «Тиллои тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки ояндаи наздик аз ҷониби мутахассисони ин корхонаи русиягӣ корҳои насбу истифодаи таҷҳизот анҷом дода мешаванд.

Соли равон дар кони тиллои пошидаи «Себи коп»-и воқеъ дар наздикии дарёи Яхсу дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон корхонаи истихроҷи «Тиллои тоҷик»

ба корҳои азхудкунии кон оғоз кард

.

Директори корхона Алимурод Эдмуродов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки айни замон дар наздикии кон иншооти зарбинои зарурӣ, аз қабил роҳ, хатти интиқоли барқ ва ғайра бунёд мегардад.

«Конҳои «Бомавло» ва «Сафеддара», ки мо ҳоли ҳозир корҳои азхудкунии онҳоро оғоз кардем, ба кони Ёхсу мансубанд. Соли равон мо бо сохторҳои тиҷоратӣ ҳамкориро шурӯъ намуда, бо онҳо қарордод ба имзо расонидем ва айни замон онҳо дар майдонҳои дигари мо фаъолият доранд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ расида, дар минтақаи тиллои пошидаи «Себи копа» корҳои иктишофи геологӣ гузаронида шуда, тибқи натиҷаҳои пешакӣ, захираи кон дар ҳаҷми 2 тонна бо таркиби миёнаи 0,7 грамм ба як метри мукааб тасдиқ шудаанд ва афзоиши захираҳои кон пас аз корҳои иктишофии иловагӣ аз эҳтимол дур нест.

Корхонаи истихроҷи тиллои «Тиллои тоҷик» дар вилояти Хатлон ҷойгир аст. Қаблан ин корхона корхонаи муштараки «Дарвоз»-и Тоҷикистону Канда номида мешуд, айни замон бошад, корхонаи давлатии истихроҷи тилло аст. Тиллои аз ҷониби ин корхона истихроҷшуда дар бозорҳои хориҷӣ фурӯхта нашуда, ба ихтиёри давлат супурда мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги истихроҷи тилло – корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин, «Тиллои тоҷик» ва корхонаи муштараки «Апрелевка»-и Тоҷикистону Канада фаъолият мекунанд.

Соли 2011 дар Тоҷикистон 2 тоннаву 240,1 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба соли 2010 ба миқдори 134,8 кило зиёдтар буд. Соли 2012 бошад, 2,4 тонна тилло истеҳсол шуда, соли 2013 низ истихроҷи ҳамин миқдор тилло дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1998 то соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон 1,6-1,8 тоннаро ташкил медод. Соли 2010 бори нахуст тайи солҳои ахир 2 ҳазору 50 кило тилло истихроҷ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2009 ба миқдори 690 кило зиёдтар буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон