Ёди инсони наҷибу рӯзноманигори пуркор

Имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов, ки 16-уми январи соли 2009 дар синни 62-солагӣ ногаҳон аз олам даргузаштанд, бояд ба синни 66-солагӣ мерасиданд. Тамоми шахсоне, ки замоне бо Баҳром Маннонов сарукор доштанд, имрӯз бо некӣ аз ӯ ёд мекунанд. Вакили палатаи поёнии парлумон кишвар, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, Баҳром Маннонов […]

ASIA-Plus


Имрӯз хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Баҳром Маннонов, ки 16-уми январи соли 2009 дар синни 62-солагӣ ногаҳон аз олам даргузаштанд, бояд ба синни 66-солагӣ мерасиданд.

Тамоми шахсоне, ки замоне бо Баҳром Маннонов сарукор доштанд, имрӯз бо некӣ аз ӯ ёд мекунанд.

Вакили палатаи поёнии парлумон кишвар, муовини аввали раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков мегӯяд, Баҳром Маннонов яке аз аввалинҳо буд, ки ба инъикоси фаъолияти парлумон дар ВАО ҳусни оғоз бахшид.

«Маводи таҳиянамудаи Б.Манноновро вакилони мардумӣ хуш қабул доштанд, зеро онҳо бо ҳақиқатбаёниву воқеънигорӣ ба ҳама маъқул буданд, – гуфт ӯ. – Чизи дигаре, ки аз Баҳром Маннонов ҳамчун  инсон ва журналист дар хотири ман абадӣ нақш бастааст, дарки моҳияти қонунҳо ва хоксории ӯст».

Номбурда ҳамчунин гуфт, хусусияти муҳими фаъолияти рӯзноманигории Б.Маннонов дар он ифода мегардид, ки дар маводи ӯ ғаразҷӯӣ, дағалӣ ё носаҳеҳӣ ба мушоҳида намерасид.

Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов изҳор кард, ки маводи таҳиянамудаи Баҳром Маннонов барои аксари хадамоти матбуоти вазорату идораҳо як дастури корие буд, ки аз он тарзи инъикоси ин ё он рӯйдодҳо омӯхта мешуданд.

Ҳамқаламони Б.Маннонов зикр мекунанд, ки ӯ тамоми дарди инсонӣ ва мушкилотро хеле наздик ба дил қабул мекард ва барои ҳама мудом мӯнису ғамхор ва мушкилкушову дардошно буд.

Ёди устоди ҳамеша серкор ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.