Зойиров: Мушкили асосии ҷамъоварии имзоҳо ба дӯши ҲНИТ вогузор аст

– Мушкилии асосии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ба дӯши ҲНИТ вогузор аст, – изҳор намуд имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров. Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, ба ҷонибдории Ойниҳол Бобоназарова як қатор ташкилоту шаҳрвандони дигар, аз ҷумла намояндагони ҲСДТ низ имзо ҷамъоварӣ карда истодаанд. «Шахсан ман ба ҷонибдории […]

ASIA-Plus


– Мушкилии асосии ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова ба дӯши ҲНИТ вогузор аст, – изҳор намуд имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров.

Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, ба ҷонибдории Ойниҳол Бобоназарова як қатор ташкилоту шаҳрвандони дигар, аз ҷумла намояндагони ҲСДТ низ имзо ҷамъоварӣ карда истодаанд. «Шахсан ман ба ҷонибдории Бобоназарова зиёд имзо ҷамъоварӣ намудам», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки «ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ҳанӯз 15 рӯз пеш ҳамроҳ шуда буд».

«Шахсан ман ва Шӯрои сиёсии ҳизб дар маҷмӯъ номзадии Бобоназароваро дастгирӣ кардем. Ахзои ҲСДТ дар ҳама ҷо ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ машғуланд. Масалан А.Шерзамонов, роҳбари ситод дар ВМКБ, М.Ясавиев ва Ш.Қудратов дар Душанбе имзо ҷамъоварӣ намуда, дар вилояти Суғд низ ин кор ҷараён дорад», – гуфт Зойиров, вале мушаххас нагуфт, ки ин ҷо маҳз дар бораи кадом ситод сухан меравад.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон то ҳол расман Бобоназароваро номзади худ ба мансаби президентӣ пешниҳод накарда, санаи баргузории анҷумани худро аз рӯзи 6-ум октябр ба вақти дигар гузаронид.

Раҳматилло Зойиров мутмаин аст, ки «изҳороти КМИР дар бораи ба ҷонибдории Бобоназарова имзо ҷамъ оварда натавонистани аъзои ҲСД мутлақо нодуруст аст». «Ҳамаи аъзои ИНИТ ҳамчун ҳама гуна шаҳрванди ҶТ ба ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ӯ ҳуқуқ доранд», – гуфт ӯ дар ин робита.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.