Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар арафаи баргузории интихоботи президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Президенти ман!» аксияи умумиҷумҳуриявӣ доир менамояд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бо ҷалби ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии Ситоди Марказӣ ва ситодҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии ҷавонон дар назар гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии аксияи мазкур таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботӣ ва дастгирии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баргузории он рӯзи 2 ноябри соли 2013, соати 8-00 дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, дар аксияи мазкур ҷавонон бо парчам, шиору овеза ва расми номзад дар хиёбону роҳҳои асосӣ роҳпаймоӣ намуда, дар нуқтаи хотимавии роҳпаймоӣ мулоқоти ҷавонон бо гуруҳҳои таблиғотӣ ва бо ҷалби ҳунармандон барномаи фарҳангӣ доир карда мешавад.
Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 25 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.



