Муовини сардухтури ММТ: Шокир Маҳкамов аз шуъбаи эҳёгарӣ рухсатӣ шуд

Шокир Маҳкамов, яке аз осебдидагон аз садама бо иштироки писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон Расули Амонулло аз шуъбаи эҳёгари рухсатӣ ва палатаи умумӣ гузаронида шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардухтури Маркази миллии тиббӣ (ММТ)-и пойтахт Хайрулло Шарифов хабар дод, вазъи солимии Ш.Маҳкамов ва дигар осебдидагон аз ин садама рӯ ба беҳбудӣ меорад. «Шокир […]

ASIA-Plus


Шокир Маҳкамов, яке аз осебдидагон аз садама бо иштироки писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон Расули Амонулло аз шуъбаи эҳёгари рухсатӣ ва палатаи умумӣ гузаронида шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардухтури Маркази миллии тиббӣ (ММТ)-и пойтахт Хайрулло Шарифов хабар дод, вазъи солимии Ш.Маҳкамов ва дигар осебдидагон аз ин садама рӯ ба беҳбудӣ меорад. «Шокир аз дасту поҳояш ҷароҳатҳои зиёди шикаставу захм бардошта, аз шӯъбаи эҳёгарӣ ба палатаи умумии муолиҷа гузаронида шуд», – гуфт ӯ.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мурод, яке аз наздикони Шокир Маҳкамов дар ин робита изҳор намуд, ки вазъи солимии Шокир хеле беҳтар гардида, ӯ акнун мустақилона ғизо истеъмол мекунад.

Хешону наздикони ҷабрдидагон аз садама зикр мекунанд, ки аз ҷониби оилаи Ҳукумовҳо ҳамарӯза осебдидагон аёдат шуда, ба онҳо кӯмаки моддиву маънавӣ расонида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз чанде аз хабаргузориҳо бо истинод ба табибони ММТ иттилоъ доданд, ки Шокир Маҳкамов ба ҳуш наомада, ҳанӯз рӯзи 21-уми октябр дар беморхона фавтидааст.

Аз ҷумла, радиои «Озодӣ» менависад, ки рӯзи 23-юми октябр табибони ММТ хабар додаанд, ки  пас аз ҷароҳатҳои хеле вазнин вазъи Шокир бад шуда, рӯзҳои ахир ӯ дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст ва рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ба ҳуш наомада, фавтидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.