ҶСК «Сангтӯда-1» мавсими кори баҳору тобистонро муваффақона ҷамъбаст намуда, истеҳсоли нерӯи барқро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 29% зиёд кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Сангтӯда-1» тӯли моҳҳои апрел -сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ 871,4 млн. кВт/соат (ҳамин давраи соли гузашта 675,8 млн. кВт/соат) ва нишондиҳадаи миёнаи истеҳсоли шабонарӯзӣ дар ин давра ҳудуди 4,8 млн. кВт/соатро ташкил дода, дар ин нерӯгоҳ дар маҷмӯъ аз оғози фаъолият беш аз 10 млрд. кВт/соат барқ истеҳсол шудааст.
Ба иттилои манбаъ, вазъи пардохти қарз ба корхона аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ҳамоно мушкил боқӣ монда, ба санаи 1-уми октябр ҳаҷми он ба беш аз 388 млн. сомонӣ (81,4 млн. $) баробар аст.
«Ширкати «Барқи тоҷик ҳар моҳ ба нерӯгоҳ 10 млн. сомонӣ мабалғ интиқол медиҳад, ки ҳарчанд комилан ба хароҷоти ҷорӣ бааснда набошад ҳам, ба таъмини талаботи аввалиндараҷа, аз ҷумла харидани маводи сӯхт, мавод барои таъмини истеҳсолот, қисмҳои эҳтиётӣ ва пардохти музди меҳнат ба ҳайати шахсӣ имкон медиҳад», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.



