Афзоиши қариб 2,6 баробари воридоти гази моеъ дар соли равон


Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 192 ҳазор ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 118 ҳазор тонна ё худ 2,6 баробар зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд,  моҳи ноябри соли равон ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 18 ҳазор тонна гази моеъ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи пешин 10% камтар мебошад.

Зикр гардид, ки ба Тоҷикистон гази моеъ аслан аз Қазоқистон ва соли ҷорӣ ҳамчунин аз

Русияву Туркманистон ва Қазоқистон

низ ворид карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2010 Русия ба маҳсулоти нафтии ба Тоҷикистон мефиристодааш боҷи содиротӣ ҷорӣ карда, ин ба он боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ ахиран гази моеъ ба алтернативаи бензин табдил ёфта, имрӯз қариб нисфи воситаҳои нақлиёт ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Ахиран ҳукумати Русия дар бораи муваққатан мавриди амал қарор додани Созишнома дар бораи таҳвили бебоҷи маҳслуоти нафтии Русия ба Тоҷикистон қарор қабул кард.

Воридоти миқдори аввалини маҳсулоти нафтии бебоҷи Русия ба Тоҷикистон 20-уми ноябри соли ҷорӣ оғоз гардиданд ва пас аз ин арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории кишвар ҳамагӣ ба андозаи 20% поин рафт.

spot_imgspot_img

Популярное