Дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Кристофер Миллер натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соли равон ва нақшаҳои нав барои тақвияти муносибатҳои судманд дар соли оянда муҳокима карда шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти БМТ, ҷаноби Кристофер Миллер зимни суҳбат иброз дошт, ки Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ дар Тоҷикистон имсол аз рӯи чанд лоиҳаи тарҳрезишуда дар бахшҳои маблағгузории хурд, маблағгузориҳои муштарак, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, дастгирии кори Бюрои қарзии иттилоотӣ, омӯзиши рушди қарзҳои ипотекӣ дар маҳалҳо фаъолияти худро идома дода истодааст ва омода аст дар соли оянда низ дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон тарҳҳои навро амалӣ созад.
Абдуҷаббор Ширинов ба Роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ барои кумаку дастгириҳои корпоратсияи номбурда миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар бахши дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самтҳои рушди қарздиҳии ипотекӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва ҷалби маблағгузорӣ ба истеҳсолот омода мебошад.
Дар баробари ин, ӯ аҳамияти бузурги ҳамкорӣ барои такмили соҳаи қарздиҳӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Бюрои қарзӣ ва ҷалби маблағгузориро ба низоми қарздии кишвар махсус қайд намуд.



