Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс


– Оид ба парвандаи «зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» ҳукми суд содир мешавад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8033

сомонӣ;


1

евро

– 6.5774

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1337

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


2004

—Собиқи вазири корҳои дохилии ҶТ Ёқуб Салимов аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд.


2011

– Дар Тоҷикистон Қонун дар бораи масъулият доштан барои ноором кардани вазъ ҳукми қонунии худро гум кард.


2013

— Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози сохтмони боғи нав дар Душанбе, ки дар атрофи Наврӯгоҳ (собиқ ипподром) дар майдони беш аз 10 гектар сохта мешавад, иштирок кард.


1946

– Зодрӯзи муаррих Хушвақтшо Давронов.


1960

– Мавлуди доктори улуми техникӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Талбак Салимов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда,  боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона 0+5.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда,  боришот (борон, барф).   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4-9, рӯзона -1+4;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -2-7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот. 

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона 0+2.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона 0-2.

spot_imgspot_img

Популярное