Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми маъмулии ҳамасолаи худ ба ҳарду палатаи парлумонро ироа мекунад.
Интизорӣ меравад, ки дар паём сарвари давлат мисли ҳама солҳои пешин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян намуда, ба масоили беҳбуди сатҳи некӯаҳволии марлум, ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар ва истиқлолияти Тоҷикистон ибрози андеша хоҳад кард.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмонро мебояд куллан ҳам сохтор ва ҳам механизмҳои ироаи чунин паёмҳо ба парлумонро тағйир бидиҳад.
Ба андешаи доктори улуми иқтисодӣ, профессор Хоҷимуҳаммад Умаров, барои назорати ҷиддии ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳо дар паём зикршуда, ташкили механизми махсус зарур буда, бо ин мақсад ӯ таъсиси гурӯҳи махсус дар назди Дастгоҳи иҷроия бо ҷалби олимону коршинсонро пешниҳод мекунад.
Раисони аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ бошанд, куллан тағйир додани сохтори чунин муроҷиатҳоро пешниҳод мекунанд.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ
бар ин назар аст
, ки паёми анъанавии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон бояд аз паёмҳои пешин ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз нигоҳи мундариҷа фарқ бикунад.
«Паём ба парлумон набояд мавриди муқоисаи давраҳои гуногуни рушди кишвар ва вазифагузорӣ ба мансабдорон бошад, барои ин ҷаласаҳои ҳукумат ва дигар чорабиниҳо вуҷуд доранд», – чунин мешуморад Кабирӣ.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров мутмаин аст, ки масъалаҳои дар паём зикршуда асосан дар шакли пешниҳодоти марбут ба таҳия ва қабули Кодекси нави андоз, қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон, дар бораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасраф амалӣ мешаванд.
«Ҳар кадоме аз паёмҳои нави сарвари давлат бояд ба муайян кардани ду-се ақидаи ба ҳам пайваст ва аз лиҳози бунёдӣ ташаккулёта нигаронида шуда, бояд асоснок бошанд ва марҳилаву механизмҳои амалисозии он муқаррар гардида бошанд. Масалан, дар робита ба коррупсия бояд воситаҳои ягона ва мушаххаси рафъи он зикр карда шаванд», – иброз дошт Р.Зойиров.
Пешвои коммунистон Шодӣ Шабдолов дар ин робита мегӯяд, то ҳанӯз мушкилоти бахши аграрӣ, истиқлолияти энергетикӣ, сатҳи хеле ночизи музди меҳнату нафақа, ки дар паёмҳои пешин зикрашон рафта буд, роҳи ҳалли худро наёфтаанд.
«Модели иқтисоди бозаргониро мебояд тағйир дод, зеро дар модели мавҷуда дасте мавҷуд аст, ки ғорат мекунад ва дар натиҷа миллионерҳо миллиардер ва камбизоатон боз қашшоқтар мешаванд. Ҳатто Ғарб ҳам ба тағийри он даст зад. Дар Олмон, Фаронса, Юнон бозори озод мавҷуд нест. Айни замон дар саросари ҷаҳон монополия ҳукмрон аст», – зикр кард Шабдолов.



