Афзоиши назарраси ҳаҷми бақияи қарзҳо дар бонкҳо



Бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти хадамаоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ,  ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо ба аввали моҳи апрели соли равон беш аз 8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки 3, 2 млрд. сомониаш қарзҳо бо пули миллӣ ва ҳудуди 4,8 млрд. сомониаш қарзҳо бо асъори хориҷӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин давра фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 27,06 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 23,11 фоизи солона баробар шуданд.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-марти соли равон бо назардошти баланд будани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,0 зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 263,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон қарзҳои хурд дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 28,6 фоиз зиёд мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное