Намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати гурӯҳи нозирони САҲА, ки дар интихоботи парлумонии пешазмуҳлати Македония иштирок мекунанд, шомил гардиданд. Маъракаи интихоботии мазкур пагоҳ, 27-уми апрел доир мегардад.
Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде қабл ёвари раиси КМИР Тоҷикистон Парвина Расулова ва намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии кишвар Манучеҳр Салоҳиддинов бо ин мақсад ба Скопе – пойтахти Македония раҳсипор шудаанд.
Қобили зикр аст, ки парлумони Македония аз 120 нафар вакилон иборат буда, бинобар сабаби мухолифати мавқеъҳои вакилон дар робита ба масъалаи интихоби президенти кишвар, санаи 5-уми март, пеш аз муҳлат ваколатҳои худро қатъ кард.



