Имрӯз дар шаҳри Турсунзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милиса Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маросими савгандёдкунии наваскарони Қушӯнҳои дохилии ВКД ҶТ иштирок кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов хабар дод, вазир ба падару модарони наваскароне, ки ихтиёран ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ омадданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
«Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронӣ аз наваскарон давъат кард, ки содиқона ба Ватан хизмат намуда, қонунҳоро риоя ва тамомияти арзиву истиқлолияти Тоҷикистонро ҳимоя кунанд», – иброз дошт манбаъ.



