Суди зинаи таҷдиди назар (кассатсионӣ)-и шаҳри Душанбе шикояти сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак аз болои қарори суди шаҳрӣ дар бораи ҷуброни зиёнро, ки ба иллати кӯчонидани манзили онҳо расонида шуда буд, рад кард.
Манзилҳои сокинони маҳаллаи Буни Ҳисоракро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳанӯз аввалҳои соли 2010 барои бунёди боғи аттраксионҳои «Боғи пойтахт» дар он ҷо кӯчонида буданд. Шаҳрдории Душанбе ба сокинони ин маҳалла дар манзилҳои навбунёд хона ҷудо кард, вале ба чанде аз хонаводаҳо манзил ё қитъаи замин ҷудо нагардид, зеро сабаб оварда шуд, ки онҳо манзилҳояшонро ғайриқонунӣ дар ин маҳалла сохтаанд. Ҳарчанд боғи нав кайҳо бунёд шуда бошад ҳам, лекин 14 оила то ҳол пайи дарёфти адолатанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» яке аз сокинони ин маҳалла Икром Тешаев хабар дод, суди шаҳри Душанбе низ мисли суди ноҳияи Сино баҳсро ба манфиати маъмурияти шаҳр ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ғайриқонунӣ ва тариқи зӯроварӣ манзилҳои онҳоро кӯчониданд, ҳаллу фасл намуд. Суди зинаи таҷдиди назари шаҳри Душанбе низ қарори пешинаро бетағйир боқӣ гузошт.
«Мо то зинаи охир талош хоҳем варзид. Айни замон ман бо оилаам дар хобгоҳи Донишгоҳи аграрӣ иқомат дорам», – гуфт Тешаев ва илова намуд, ки онҳо ба унвони Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аризаи дастаҷамъона навиша, посухи онро интизоранд.
Астанақул Қосимов, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба
Радиои Озодӣ
гуфтааст, ҳалнома дар асоси қонунҳои ҷории кишвар содир шудааст. Қосимов зикр кардааст, ки баррасии шикояти Тешаев ва ҳаммаҳалаҳояш нишон дод, ки манзили зисти ӯ ҳуҷҷате надоштааст ва онҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак ғайриқонунӣ манзили зист бунёд карда буданд.
Ин додрас ҳамчунин изҳор намудааст, ки кормандони милиса ҳам вазифаҳои хидматии худро ифо кардаанд ва ба ҳеҷ қонуншикание роҳ надодаанд. Ба гуфтаи вай, пас аз даҳ рӯз, қарори суд ба сокинон дода мешавад ва онҳо боз метавонанд, аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят баранд.



