Дар вилояти Маскав як тоҷик куштаву ду нафари дигар захмӣ шуданд



Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи як ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорски вилояти Маскав хабар дод, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи 7-уми май як гурӯҳи афроди номаълум ба ҳавлие, ки дар он 8 нафар муҳоҷирони кори тоҷик иқомат доштаанд, ворид шуда, аз силоҳи оташфишон оташ кушодаанд. «Дар натиҷа сокини вилояти Хатлон Мақсуд Сатторови 36-сола аз захмҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расид. Айни замон масъалаи интиқоли ҷасади ӯ ба ватан ҳаллу фасл мешавад», – хабар доданд аз сафорат.

Гуфта мешавад, боз ду нафар шаҳрвандони тоҷики захмишуда дар бемористони шаҳри Красногорск бистарианд. Ба муҳоҷирони дигар муясссар шудааст, ки аз ҷинояткорон паноҳ баранд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Сафорат аз сохторҳои дахлдори Русия талаб кардааст, ки ин ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ ва ҷинояткорон муҷозот шаванд.

spot_imgspot_img

Популярное