Зимни баргузории як амалиёти махсус кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Панҷакент аз сокини маҳаллӣ Азизҷон Ғаффорови 34-сола миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии ҳавлии истиқоматии А.Ғаффоров 75 килою 950-грамм маводи нашъадори «афюн» ва 1 килою 860 грамм маводи сахттаъсири «героин» дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



