Ба санаи 1-уми апрели соли равон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 млрд. 192,68 млн. доллари ИМА расид, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 21,9%-ро ташкил медиҳад. Аввали сол ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба 2 млрд. 161,5 млн. доллари ИМА (25,4% нисбат ба ММД) баробар буд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумӣ қарзи бевоситаи давлатӣ, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукуматро таъмин мекунад, 1 млрд. 968,23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ 19,51 млн. ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати ҳукуматӣ 31,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор барои нигаҳдории тавозуни пардохтпазирии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон хизматгузорӣ мешавад, ба 158,41 млн. доллари ИМА баробар буда, қарзи гирифтаи Бонки миллӣ аз Чин дар ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014 ҷиҳати пардохти қарзи хориҷӣ равона гардидани 689,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ – 520,2 млн. сомонӣ ва фоизҳо аз қарз – 169,7 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст. 520,2 млн. сомонӣ ва фоизҳо аз қарз – 169,7 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст. Бо ин мақсад соли 2015 – ҷудо гардидани мутаносибан 534,8 млн. сомонӣ ва 161,9 млн. сомонӣ ва соли 2016 – 582,5 млн. сомонӣ ва 154,3 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ мешавад.



