Имрӯз, 19-уми май ба ҳабси соҳибкори тоҷик Зайд Саидов, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд, расо як сол пур мешавад.
Рӯзи 12-уми май Суди олӣ
баррасии шикояти кассатсионии
адвокатҳои Саидовро ба итмом расонид. Дар ҷараёни он соҳибкор бори дигар дақиқан беасос будани тамоми айбномаҳои ба ӯ пешниҳодшударо баён кард.
«Дар робита ба шикояти кассатсионӣ мо ҳеҷ тағйироти ҷиддиеро интизор нестем, зеро ман дар таҷриба дидаам, ки ҳангоми баррасии шикоят ҳамеша мавқеи айбдоркунандаҳо дастгирӣ карда мешавад», – иброз дошт адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов.
Ба гуфтаи ӯ, айбдоркунандаи давлатӣ Мадвалӣ Исоев пешниҳод кардааст, ки ҳукми суд аз 25-уми декабри соли гузашта бетағйир боқӣ гузошта шавад.
Суд ба хонаи машваратӣ хориҷ шуд. Акнун интизорӣ меравад, ки баъди як ҳафта суд нисбати ҳукм қарори ниҳоии худро содир намояд.
Аммо адвокатҳо бо ҳукми Суди олӣ дар бораи мусодираи амвол розӣ набуда, онро беасос мехонанд. «Агар ҳукми суд ба иҷро расад, собиқ ҳамсарони Зайд Саидову кӯдакони онҳо ва дигар хешовандони ӯ бесарпаноҳ дар кӯча мемонанд», – мегӯянд онҳо.
Сарфи назар аз ин, дар оилаи Зайд Саидов ба бо хушиву некӣ анҷомидани ин қазия умедворанд. «Айни замон мо танҳо аз як чиз – то чӣ муддат паси панҷара мондани саробони олиаамон дар ташвишем ва умедворем, ки бадбахтии ногаҳон ба сари хонаводаи мо омада, ҳамин хел бо амри Худованд моро тарк мекунад. Адолат барқарор шуда, мо боз як ҷо мешавем», – мегӯяд ҳамсари соҳибкор Парвина Аминова.
Ба гуфтаи ӯ, моҳи октябри соли гузашта зимни даъват ба суд ба сифати шоҳид ӯ бори охир шавҳарашро дидааст. «Ба ман ҳамеша ваъда медиҳанд, ки барои дидор бо шавҳарам иҷозат медиҳанд, вале муддати 7 моҳ аст, ки иҷозат барои дидорро дастрас карда наметавонем. Хайр ба калонсолон иҷозат намедиҳанд, вале кӯдакон чӣ гуноҳ доранд? Духтарам Омина ва писарам Ёсини 4-сола падарашонро бори охир як сол пеш дида буданд. Онҳо бисёр мепурсанд, ки кай падарамон ба хона меояд. Ба онҳо чӣ посух доданамро намедонам. Онҳо ба чӣ гунаҳкоранд?», – мегӯяд ҳамсари соҳибкор.



