Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Баҳрайн дар Манама



Чанде қабл дар пойтахти Баҳрайн – шаҳри Манама зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва намояндагони гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон бо маъмурияти ҳукумати Баҳрайн масоили тадорукотии марбут ба баргузории ҳамоиши қарибулвуқӯъи тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ҳамоиши тиҷоратӣ дар меҳмонхонаи Sheraton дар доираи сафари давлатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Баҳрайн рӯзҳои 27-29-уми май доир мегардад.

Гуфта мешавад, аз иштироки роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони корхонахои бузурги саноатӣ ва сохторҳои молиявии Тоҷикистону Баҳрайн дар кори ин форум интизорӣ меравад. 

spot_imgspot_img

Популярное