Раҳмон марзбононро бо иди касбиашон табрик кард



Дар майдони марказии «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ  гузашти низомии пуршукӯҳ доир гардид.

Зимни суханронӣ назди иштирокчиёни гузашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 28-уми майи соли 1994, «замони идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳангоме ки ҳукумат барои муҷаҳҳаз сохтани тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз имконоти иқтисодиву молии маҳдуд бархӯрдор буд, таъсис дода шуд».

«Имрӯз бо кӯшишу мусоидати ҳукумати кишвар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон яке аз таркибҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд», – гуфт президент.

Дар идома сарвари давлат аз хизматчиёни ҳарбии кишвар даъват ба амал овард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳои дунё ҷасуронаву мардона аз манфиатҳову муқаддасоти мардуми тоҷик ҳимоя кунанд.

Ба гузашт фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев роҳбарӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул кард.

spot_imgspot_img

Популярное