Раиси Ассамблеяи миллии Покистон ба Душанбе омад



Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар фурудгоҳи байнулмилали пойтахт меҳмони олиқадрро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев истиқбол кард.

«Нимаи дуюми имрӯз дидору гуфтушуниди Сардор Аёз Содиқ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, раиси палатаи поёнии парлумони Покистон пагоҳ бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода вохӯрда, аз нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» боздид мекунад.

«Дар дидору гуфтушунидҳои зикршуда ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон ва ҳамчунин масоили таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – афзуд Султонов.

spot_imgspot_img

Популярное