Корҳои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода дар арафаи анҷомёбист



Ҳудуди 85%-и корҳои таъмиру таҷдиду роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбекистон ба итмом расонида шуданд.

«Тамоми корҳо тибқи реҷа ҷараён дошта, анҷоми он 30-юми октябри соли ҷорӣ дар назар аст», – иттилоъ дод ба журналистон директори иҷроияи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳҳо Мухтор Неъматов рӯзи душанбе зимни сафари шиносоӣ ба ҷойҳои амалисозии лоиҳаи роҳандозишуда аз ҷониби Бонки осиёгии рушд (БОР).

Ӯ зикр кард, ки то имрӯз аз ҷониби паймонкори кулли лоиҳа – ширкати «Чайна Роуд»-и Чин 68 млн. доллари ИМА маблағҳои ҷудошуда азхуд гардидаанд. Барои корҳои таъмиру таҷдиди ин роҳ дар маҷмӯъ 131,3 млн. $ маблағ ҷудо шудааст, ки 120 млн. $-и он бурси БОР ва 11,3 млн. $ саҳми ҳукумати Тоҷикистон аст.

Ба қавли Неъматов, мушкили асосӣ дар ҷараёни таҷдиди роҳ ба масъалаи кӯчонидани чанде аз хонаводаҳо марбут буд, ки ба васеъ кардани роҳ халал мерасониданд. «Ин мушкил ҳал шуд. Мо бо мардум суҳбат карда, онҳо моро фаҳмиданд. Бевосита 51 хонавода кӯчонида шуда, онҳо бо қитъаҳои замин ва ҷуброни шоиста таъмин карда шуданд», – иброз дошт ӯ.

Дар идома зикр гардид, ки ин масъала ба 650 хонаводаҳо дахл карда, ба онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ дар ҳаҷми умумии зиёда аз 4 млн. доллари ИМА ҷубронпулӣ ҷудо гардид.

Неъматов зикр кард, ки дар доираи лоиҳаи мазкур таъмиру азнавсозии як пул ба анҷом расида, ҷараёни таъмиру таҷдиди боз 9 пул идома дорад. Ҳамчунин дар ҷараёни амалисозии лоиҳа беҳтар намудани зербинои гузаргоҳи марзии «Дӯстӣ» дар назар буда,  кабудизоркунии қад-қади роҳ ва шинонидани зиёда аз 13 ҳазор бех дарахтон дар он пешбинӣ шудааст. Дар назар аст, ки муҳлати кафолат баъди ба истифода додани роҳ ду солро ташкил хоҳад дод

Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли 2011 бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд. Масофаи умумии роҳ 61,5 километр аст.

Лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Пас аз таҷдид қисмати роҳ аз Душанбе то Турсунзода чорхатта ва бари роҳ 25 метр мешавад. Қисмати роҳи аз Турсунзода то марзи Ӯзбекистон духатта ва бараш 15 метр хоҳад шуд. 

spot_imgspot_img

Популярное