Сафорати ИМА ба Вазорати адлия таҷҳизот тақдим кард

Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиётро бо лабораторияи сайёру таҷҳизоти криминалистӣ ҳадя намуд.  Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом иқтидори лабораторияи криминалистиро ҷиҳати коркард ва таҳлили далелҳои шайъӣ дар ҷои содиршавии ҷиноят […]

ASIA-Plus



Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиётро бо лабораторияи сайёру таҷҳизоти криминалистӣ ҳадя намуд. 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ин иқдом иқтидори лабораторияи криминалистиро ҷиҳати коркард ва таҳлили далелҳои шайъӣ дар ҷои содиршавии ҷиноят баҳри фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон баланд хоҳад бардошт.

Гуфта мешавад, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард. 

Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.