Вохӯрии намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ҷиргатол

Намояндагони мақомоти марзбонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистону Қирғизистон чанде қабл дар ноҳияи Ҷиргатол мулоқоти дуҷониба оростанд, ки дар он ҳодисаи рӯзи 9-уми август рухдода дар марзи давлатии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд. Дар ин ҳодиса миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта […]

Аваз Юлдошев



Намояндагони мақомоти марзбонӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистону Қирғизистон чанде қабл дар ноҳияи Ҷиргатол мулоқоти дуҷониба оростанд, ки дар он

ҳодисаи рӯзи 9-уми август

рухдода дар марзи давлатии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд. Дар ин ҳодиса миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирпарронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта ва ду нафари дигар боздошт шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ мувофиқа ҳосил шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон кишвари ҳамсояро аз ҷараёни тафтиши ҳодиса огаҳ намуда, ҳамчунин ояндаи наздик гуфтугӯи телефонӣ миёни шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз бо наздикони онҳоро таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 9-уми август дар қаламрави Тоҷикистон, маҳаллаи аҳолинишини Тупакӯл (мавзеи пиряхи Лайсуу) миёни дастаи марзбононони Тоҷикистон ва се нафар шахсони мусаллаҳи аспсавор тирппаронӣ сурат гирифта, дар натиҷа яке аз онҳо кушта шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дода буд, ки бино ба маълумоти ҷониби Тоҷикистон, ду нафари дигар боздошт шуда, дар ҷойи ҳодиса милтиқи қутри 7,62 мм бо 8 тир, милтиқи хурди ТОЗ-8, дурбини истеҳсоли хориҷӣ ва 2 сар асп дарёфт шудааст. Муайян карда шудааст, ки ҳар се шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш мебошанд.

«Шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид шуда, хирсро парронидаанд ва ба талаби марзбонони тоҷик оид ба таслим шудан итоат накарда, ба тирпарронӣ оғоз карданд», – қайд кард манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.