Дурнамои ҳосили имсолаи маҳсулоти кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои пешакии ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар соли равонро интишор намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти вазорат, то охири соли 2014 мувофиқи таҳлилҳо ва кишти гузаронидашуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳосили интизории истеҳсоли ғалладона 1210,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 813,8 ҳазор тонна, пахта 366,0 ҳазор тонна, картошка […]

Заррина Эргашева



Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои пешакии ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ дар соли равонро интишор намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти вазорат, то охири соли 2014 мувофиқи таҳлилҳо ва кишти гузаронидашуда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояту шаҳр ва ноҳияҳо ҳосили интизории истеҳсоли ғалладона 1210,8 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 813,8 ҳазор тонна, пахта 366,0 ҳазор тонна, картошка 902,9 ҳазор тонна, сабзавот 1389,2 ҳазор тонна, полезӣ 513,2 ҳазор тонна, мева 340,0 ҳазор тонна, ангур 180,0 ҳазор тонна, гӯшт 167,5 ҳазор тонна, шир 820 ҳазор тонна, тухм 350,8 млн. дона, моҳӣ 1,7 ҳазор тонна, асал 3,6 ҳазор тонна муайян карда шудааст.

«Кишоварзон дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ маҳсолоти худро ҷамъоварӣ намуда барои фурӯш омода кардаанд. Корхонаву ташкилотҳои дахлдор, идораву муассисаҳо, бозорҳо  ва шаҳрвандон метавонанд барои захираи зимистон аз ин маҳсулотҳо бо нархҳои нисбатан арзон харидорӣ намоянд», – қайд мегардад дар маълумот.

Гуфта мешавад, мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо олимони соҳа вазъияти норасоии маҳсулоти мевагиву сабзавотро дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мавриди омӯзиш қарор дода,  лоиҳаи «Барномаи давлатии барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои захираи маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар давраи тирамоҳу зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019»-ро таҳия намуд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор (вазорати рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии сармоягузорӣ, Иттифоқи «Тоҷикматлубот») ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

«Мақсади Барнома — ин паст кардани сатҳи талафот, баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ (меваю сабзавот) дар даврае, ки истеҳсоли онҳо қатъ мегарданд, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ гардидани ҳосили рӯёнидашуда ва коркарди он) ва афзун намудани имконияти содиротии маҳсулоти тару тозаи кишоварзии мамлакат мебошад», – зикр мегардад дар маълумоти Вазорати кишоварзӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.