Дар Душанбе террористеро боздоштанд, ки таксиро таркониданӣ буд

Кормандони милисаи пойтахт сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, феълан истиқоматдошта дар шаҳри Душанбе Алихон Бозоровро боздошт намуданд. Боздоштшуда ба таксирони хусусӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати ба ӯ надодани маблағҳои пулии амонаташ, автомашинаро бо соҳибаш метарконад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, тахминан соатҳои 10-30-и рӯзи 19-уми сентябр […]

Аваз Юлдошев



Кормандони милисаи пойтахт сокини 50-солаи шаҳри Кӯлоб, феълан истиқоматдошта дар шаҳри Душанбе Алихон Бозоровро боздошт намуданд. Боздоштшуда ба таксирони хусусӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати ба ӯ надодани маблағҳои пулии амонаташ, автомашинаро бо соҳибаш метарконад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, тахминан соатҳои 10-30-и рӯзи 19-уми сентябр Бозоров дар хиёбони Айнӣ ба курсии пеши автомашинаи «Опел Сатурн»-и мутааллиқ ба сокини 53-солаи шаҳри Душанбе Қодирҷон Султонов нишаста, бо таҳдиди тарконидани норинҷак (граната) аз таксирон маблағи пулӣ талаб кардааст.

«Чун огоҳ мешавад, ки таксирон бо худ маблағи пулии начандон зиёде дорад, ӯро маҷбур месозад, ки ба хонааш рафта, пулҳои амонаташро гирад ва ба ӯ диҳад, вале вақте дар назди хонаи таксирон одамони бисёреро мебинад, «террорист» рӯ ба фирор мениҳад», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми боздошти Алихон Бозоров аз ӯ норинҷаки ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.