Истиқболи Тоҷикистону ИМА аз тавофуқот миёни пешвоёни нави Афғонистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз қарори номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон доктор Абуллоҳ Абдуллоҳ ва доктор Ашраф Ғаниро ҷиҳати ба имзо расонидани тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ истиқбол мекунад. Дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки имзои ин тавофуқномаи сиёсӣ ба хатми бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон мусоидат намуда, […]

ASIA-Plus



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз қарори номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон доктор Абуллоҳ Абдуллоҳ ва доктор Ашраф Ғаниро ҷиҳати ба имзо расонидани тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ истиқбол мекунад.

Дар изҳороти имрӯз интишорнамудаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки имзои ин тавофуқномаи сиёсӣ ба хатми бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон мусоидат намуда, дар амалӣ намудани нақшаҳои навбатӣ эътимод ба даст меоварад ва ИМА тавофуқномаи мазкурро дастгирӣ намуда,  омода аст, ки бо роҳбарияти нав барои ба фаъолияти бомуввафақият ноил гаштан ҳамкорӣ намояд.

«Ҳарду номзад дар Баёния Муштарак аз таърихи 8 августи изҳор намуданд, ки мардуми Афғонистон сазовори Ҳукумати қонунӣ ва босамар мебошад, ки то барои кишварашо ояндаи дурахшонро фароҳам оваранд. Миллион шаҳрвандони афғон ба таҳдидҳо ва носуботиҳо нигоҳ накарда, ба доктор Абдуллоҳ ва доктор Ғанӣ раъйи худро доданд. Тавофуқномаи мазкур азми дастаҷамъонаи мардуми Афғонистонро пайгирӣ мекунад. Барои ба ин тавофуқ ноил гаштан сари роҳи ҳарду ҷониб ниҳоят интихоби мушкил омад, барояшон лозим шуд, ки омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ ва созиш кардан сари масъалаҳои зиёд зоҳир кунанд. Натиҷаи гуфтушуниди онҳо ниёзи мардуми афғонро нисбат ба сиёсат ё иззати шахсии ҳокимиятдорӣ дар мадди аввал мегузорад», – омадааст дар изҳороти мазкур.

Гуфта мешавад, ин тавофуқнома имконияти муҳимро ҷиҳати муттаҳидӣ ва сулҳу субот дар Афғонистон дарҷ мекунад. «Мо аз мардуми афғон, аз ҷумла аз роҳбарони ҷомеаҳои сиёсӣ, динӣ ва шаҳрвандӣ даъват ба амал меоварем, ки ин тавофуқномаро ҷонибдорӣ кунанд ва ҷиҳати ҳамкорӣ ва таъмини сулҳ ба ҳам оянд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Зимнан зикр мегардад, ки риояи раванди демократӣ –ин як роҳи ниҳоят муҳимест барои Афғонистон ба сӯи ояндаи бехатар ва босубот; он аз дастгирии мунтазами ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

«Мо хатми раванди интихобот, натиҷаи онро, қасамёдкунии Раиси ҷумҳури нав, таъин гардидани раиси иҷроӣ, ба имзо расидани Созишномаи дуҷониба оид ба амният, Созишномаи НАТО оид ба мақоми қувваҳои мусаллаҳро, ки шарикии стратегӣ ва ӯҳдадориҳои моро ҷиҳати дастгирӣ намудани ояндаи босуботи Афғонистон мустаҳкам менамояд, бесаброна интизорем», – баён мегардад дар хотима.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ба имзо расидани тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон истиқбол намуд.

Роҳбари департаменти иттилоот ва таҳлили ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев дар ин робита изҳор кард, ки Тоҷикистон аз ҳосил шудан тавофуқ миёни пешвоёни нави Афғонистон, ки баҳри сулҳу субот дар ин кишвар зарур аст, истиқбол мекунад.

«Нисбат ба дигар кишварҳо Тоҷикистон ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, ки марзаш бо ин кишвар 1370 километрро ташкил медиҳад, бештар манфиатдор аст», – қайд кард Атоев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.