Расулзода ҷомеаи ҷаҳониро ба наҷоти пряхҳои Тоҷикистон даъват кард

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нишасти СММ оид ба тағйири иқлим дар Ню-Йорк назди 126 нафар сарони кишварҳои дунё суханронӣ намуд. Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» тариқи телефон аз шаҳри Ню-Йорк дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни суханронӣ Қоҳир Расулзода кишварҳои ҷаҳонро ба дастгирии ташаббуси Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар нишасти СММ оид ба тағйири иқлим дар Ню-Йорк назди 126 нафар сарони кишварҳои дунё суханронӣ намуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» тариқи телефон аз шаҳри Ню-Йорк дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни суханронӣ Қоҳир Расулзода кишварҳои ҷаҳонро ба дастгирии ташаббуси Тоҷикистон бобати таъсиси Хазинаи байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо даъват кард.

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид дошт, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ баргузор намудани мониторинги вазъи пиряхҳои ҷаҳон зарур аст. «Дар натиҷаи гармшавии иқлим, афзоиши ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо, аз соли 1995 то соли 1990 масоҳати пиряхҳо дар Тоҷикистон се маротиба хурд шуда, тибқи пешгӯиҳо, тайи даҳсолаи наздик боз ба андозаи 30 фоиз коҳиш меёбанд», – гуфтааст ӯ.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин зикр кардааст, ки давоми шаст соли ахир ҳарорати миёнаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа боло рафта, дар ҳамин ҳол, рӯзҳои боронӣ ҳам зиёд шудаанд.

Ба гуфтаи нахуствазири ҶТ, аз рӯи сатҳи хориҷ кардани газҳои гулхонаӣ ба фазо миёни кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон мақоми 150-ум ва дар байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зинаи охирро ишғол мекунад.

Зимни суханронӣ Расулзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти бахши гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҷалб намудааст. «Сарфи назар аз захираҳои бойи гидроэнергетикӣ бархӯрдор будани кишвар, дар мавсими тирамоҳу зимистон қисмате аз аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 6-7 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд», – қайд кардааст ӯ.

Нахуствазири Тоҷикистон ҳамзамон таъкид доштааст, ки дар маҷмӯъ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳанд, ки аз талаботи минтақа се маротиба зиёдтар аст. «Беш аз 70%-и нерӯи барқ дар минтақа дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, ки дар навбати худ, ба вазъи иқлим таъсири манфӣ мегузоранд», – зикр кардааст Расулзода. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.